Январ 26, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Гуттереш хостори тавзеи ҷаҳонии ваксинаи карона шуд
    Гуттереш хостори тавзеи ҷаҳонии ваксинаи карона шуд

Дабири СММ, ҳамагирии корона ва тағироти обу ҳавоиро ду чолиши бузурги қарни муосир донист ва бо эътироф ба вуҷуди нобаробарии дастрасӣ ба ваксина байни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли тавсеа, тавзеи сареъ ва густурдаи ваксинаи карона дар ҷаҳонро хостор шуд

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна Антонио Гуттереш рӯзи душанбе дар нишасти маҷозии маҷмаъи иқтисодии Давос афзуд : бар асари густариши вируси Ковид-19 беш аз 2 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд ва мо дар қарни ахир дар бадтарин буҳрони иқтисодӣ қарор дорем.
 
Дабири Созмони Милали Муттаҳид изофа кард : беҳбудии фарогир ва пойдор дар саросари ҷаҳон ба дар дастрас будан ва асарбахшии ваксинаҳо барои ҳама , пуштибонии фаврии молӣ ва пулӣ дар кишварҳои тавсеъаёфта ва дар ҳоли тавсеъа ва иқдомоти муҳаррики дарозмуддат бастагӣ хоҳад дошт.
 
Гуттереш таъкид кард : акнун чолиши мо ин аст, ки муассиртарин ва сариътарин ваксинҳоеро, ки то кунун тавлидшуда , ба ҳама ва дар ҳар куҷо бирасонем, ҳарчанд манобеи ваксинаҳо кам ва тавзеи онҳо ноҳамвор аст ва ваксинаҳо басуръат ба кишварҳои бо даромади боло мерасанд , дар ҳоле ки фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аслан ваксина надоранд.
 

Торнамои хабарӣ ва итилоърасонӣ « Чад Инфо » низ ҳафтаи пеш эълом кард, ки то кунун ҳеч кишваре дар қорраи Африқо ки беш аз як миллиарду 300 ҳазор нафар ҷамъият дорад, ба ҷуз Мағриб, ваксинаи бемории Ковиди-19-ро дарёфт накарда аст.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп