Мақоми рус: Ғарб барои бесубот кардани Русия ба Навалний ниёз дорад
(last modified Tue, 26 Jan 2021 14:01:39 GMT )
Январ 26, 2021 19:01 Asia/Dushanbe
  • Дабири Шӯрои амнияти Русия Ғарбро ба талош барои бесубот кардани кишвараш муттаҳам кард
    Дабири Шӯрои амнияти Русия Ғарбро ба талош барои бесубот кардани кишвараш муттаҳам кард

Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, ғарбиҳо барои бесубот кардани авзоъ ва роҳандозии ошӯбҳои иҷтимоӣ дар Русия, ба мухолифи рус ниёз доранд.

Ба гузориши хабаргузории Новости, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт: «ғарбиҳо ба Алексей Навалний мухолифи рус барои роҳандохтани ошӯбҳои иҷтимоӣ, эътисоб ва" майдонҳои ҷадид" ниёз доранд.»

Патрушев афзуд: «Навалний борҳои қавонини Русияро дар миқёси густарда поймол кардааст ва ба унвони шаҳрванд бояд дар баробари қонӯни посухгӯи иқдомоти худ бошад.»

Ба дунболи фарохони мухолифони давлати Русия барои эътироз ба боздошт ва ҳабси Навалний аз мухолифони саршиноси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия даҳҳо нафар рӯзи шанбе дар чандин шаҳри ин кишвар тазоҳурот карданд.

Пулиси Русияи гурӯҳе аз муътаризонро боздошт кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: