Видео: Кишоварзони ҳиндӣ хашми худро ин гуна нишон доданд
Тазоҳуроти кишоварзони ҳиндӣ дар эътироз ба ислоҳоти давлат джар ин бахш бо ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба хушунат кашида шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, нерӯҳои амниятии Ҳинд бо гази ашковар ва калтак даҳҳо ҳазор нафар аз кишоварзони мӯътаризро дар Деҳлии Нав пароканда карданд.
Кишоварзони ҳиндӣ қасд доштанд бо тракторҳояшон дар Деҳлии Нав дар рӯзи ҷумҳурӣ тазоҳуроти мусолиматомез баргузор кунанд ва барои ин тазоҳурот муҷаввизи давлати Модиро низ дарёфт карда буданд, аммо бо ин ҳол ин тазоҳурот ба хушунат кашида шуд.
Бархе аз манобеъ аз ҷон бохтани як кишоварз бар асари вожгунии трактор хабар медиҳанд.
Кишоварзони ҳиндӣ аз ҳудуди думоҳи пеш дар эътироз ба ислоҳоти давлат дар ҳавзаи кишоварзӣ дар бархе аз шаҳрҳо монанди пойтахти ин кишвар эътисоб кардаанд.
Ба дунболи бурузи хушунатҳо, давлати Ҳинд хадамоти интернетро дар бахшҳои зиёде аз Деҳлии Нав қатъ кардааст.
Бештар бихонед: