Мелания дар фикри ҷудошавӣ аз Доналд Трамп аст
(last modified Wed, 27 Jan 2021 09:30:05 GMT )
Январ 27, 2021 14:30 Asia/Dushanbe
  • Мелания дар фикри ҷудошавӣ аз Доналд Трам аст
    Мелания дар фикри ҷудошавӣ аз Доналд Трам аст

Нашрияи англисӣ навиштааст, ки Мелания Трамп дар фикри ҷудошавӣ аз раисҷумҳури собиқи Амрикост.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи англисии  Mirror, вакилони маъруф дар Ню-Йорк ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Мелания метавонад байни 20 то 50 миллион доллар пул ва ҳамчунин сарпарастии писари 14 солааш Баронро аз Доналд Трамп бигирад.

Манобеи огоҳ ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Мелания дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷумҳурии ҳамсараш барои тарки Кохи Сафед лаҳзашуморӣ мекард.

Мирор ҳамчунин навишт, ки издивоҷи Трамп ва Мелания ҳамчун робитае тиҷорӣ буда ва иртиботи сарди ин ду дар тӯли чаҳор соли раёсати ҷумҳурии Трамп борҳо мавриди тавваҷӯҳи расонаҳо қарор гирифта буд.

Трамп ҳоло ба курорти Флоридаи Ҷанубии худ баргаштааст ва ба назар чунин мерасад, ки Мелания музокиротро барои ҷудо шудан аз шавҳараш, ки вай қабл аз раёсати ҷумҳурии Трамп оғоз карда буд, аз сар мегирад.

 

Бештар бихонед: