Толибон: Ҳеч узве аз Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад
Сухангӯи Толибон бо радди иддаои Вазорати хазонадории Амрико дар хусуси ҳузури Алқоида дар ин гурӯҳ гуфт, ки акнун ҳеч узве аз Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад.
Ба гузориши Алолам, Вазорати хазонадории Амрико чанде пеш дар гузорише аз ҳузур ва фаъолияти аъзои Алқоида дар миёни Толибон хабар дода буд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар баёнияе бо радди қавии ин мавзуъ таъкид кард, ин гузориш бар асоси иттилооти нодуруст аз сӯи ҳалқаҳои муғризу ҷангталаб таҳия шудааст.
Вай афзуд: Пас аз соли 2001, ки дар Афғонистон ҷангҳои густарда оғоз шуд ва дар пайи он дар баъзе кишварҳои арабӣ таҳаввулоте падид омад, аъзои созмони Алқоида, ки аз пеш дар Афғонистон зиндагӣ мекарданд, ба кишварҳои худ бозгаштанд.
Муҷоҳид идома дод: Акнун низ ҳеч як аз аъзои Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад ва ба ҳузури атбои кишварҳои дигар низ ниёзе нест.
Сухангӯи Толибон дар поён таъкид кард, ки Толибон амалӣ кардани комили Паймони Доҳаро роҳи ҳалле маъқул барои мушкили кунунии Афғонистон медонад ва ба тамоми муҳтавои Паймони Доҳа мутааҳҳид мемонад ва ба ҳеч кас иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон барои Амрико ва муттаҳидони ин кишвар таҳдиде эҷод кунанд.
Бештар бихонед:
- Ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон омад
- Фаъолияти махфиёнаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон
- Эътирофи коршиноси саудӣ ба нақши Арабистон дар таъсиси Алқоида ва ДИИШ + филм