Январ 30, 2021 15:57 Asia/Dushanbe
  • Бо аз байни бурдани беназмӣ дар хона метавон авомили фаромӯшхотириро коҳиш дод
    Бо аз байни бурдани беназмӣ дар хона метавон авомили фаромӯшхотириро коҳиш дод

Истифода аз чанд дору ба сӯрати ҳамзамон, афсурдагии музмин ва камбуди хоб метавонад мунҷар бо бурӯзи мушкилоте дар мағзи инсонро дучори фаромӯшӣ кунад.

Аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат вазъияте аст, ки дар асари он фард чизҳоеро, ки ахиран дида, шунида ё анҷом додааст, фаромӯш кунад ва агарчӣ эҳтимол дорад аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат натиҷаи боло рафтани син бошад, аммо мумкин аст бо масъалае амиқтар монанди заволи ақл, осеб ба мағз ё ихтилоли равонӣ низ эҷод шавад.

Муҳимтарин аломати ин мушкил фаромӯш кардани фаъолиятҳои ахир аст.

Аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат иллатҳои зиёде дорад, аз ҷумла метавон ба афзоиши син, вуҷӯди тумор дар мағз, хунрезӣ ё лахта шудани хун дар мағз, осеб ба сар дар асари замин хурдан ё тасодуф монанди зарбаи мағзӣ, уфӯнат дар мағз, масоили рӯҳӣ монанди изтироб ё афсурдагӣ, сӯимасрафи маводи мухаддир ва бархе доруҳо монанди доруҳои зидди изтироб ва доруҳои ташаннуҷ низ афсурдагӣ ишора кард.

Аз аломатҳои аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат метавон ба " пурсидани саволоти яксон ба таври мукаррар, фаромӯш кардани ҷое, ки ба он таъаллуқи доред ё фаромӯш кардани чизе, ки ахиран дида ё хондҳаед" ишора кард.

Доштани хоби кофӣ, тамринҳои варзишии муназзам, ҳал кардани муаммо ва анҷоми фаъолиятҳои дигаре, ки мағзро ба чолиш мекашад метавонад аз ин мушкил ҷилавгирӣ кунад.

Бо аз байни бурдани беназмӣ дар хона метавон авомили фаромӯшхотириро коҳиш дод

Агарчӣ аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат мушкиле ҷузъӣ аст, аммо агар аз даст додани ҳофизаи кӯтоҳмуддат дар натиҷаи як ихтилоли ҷиддӣ ба вуҷӯд омадааст, тавсия мешавад барои гирифтани натиҷаи муассир ба пизишк муроҷиа ва дармонро шурӯ кунед.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп