Феврал 02, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Дуздии меҳмонхонаҳо як рафтори маъмули сайёҳони саҳюнист ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар аст
    Дуздии меҳмонхонаҳо як рафтори маъмули сайёҳони саҳюнист ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар аст

Пас аз тавофуқи созиши Абу-Даби бо Тел-Авив ва сарозер шудани сайёҳони исроилӣ ба меҳмонхонаҳои Дубай акнун мақомҳои Иморот аз дидани дуздии саҳюнистҳо аз меҳмонхонаҳо ба ҳайрат афтодаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, пас аз баста шудани қарордоди созиш миёни Тел-Авив ва Абу Даби фақат дар муддати як моҳ аз 21 декабр то 20 январи 2020, ҳудуди 66 ҳазор сайёҳи саҳюнист аз Иморот дидан кардаанд, аммо ин дидор ҳазинаҳои зиёди молӣ ва ахлоқӣ барои иморотиҳо ба ҳамроҳ доштааст.

Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот Yedioth Ahronoth дар бораи "дуздии сайёҳони исроилӣ аз меҳмонхонаҳои Дубай" хабар медиҳад. 

Дар ин гузориш як фаъоли иқтисодии Исроилӣ гуфтааст: «Ман солҳост ба Иморот сафар мекунам ва он ҷо фаъолият иқтисодӣ дорам,  моҳи пеш ки ба меҳмонхонаам омадам бисёр нороҳат шудам, ки дидам дар рӯбарӯи меҳмонхона гардишгарони исроилиро бозрасӣ мекунанд, то чизҳоеро, ки аз утоқашон рабудаанд, пас бигиранд.»

Едиот Ахронот ба нақл аз яке аз мудирони меҳмонхонаи наздики Бурҷи Халифа -баландтарин сохтмони ҷаҳон- низ навиштааст: «Мо садҳо гардишгар аз тамоми кишварҳои ҷаҳон дорем ва баъзеҳояшони мушкил эҷод мекунанд, аммо то ба ин ҳол надида будем, ки касе чизе аз ҳотел бидуздад. Ба наздикӣ мо дидем, ки сайёҳони исроилӣ ба меҳмонхона омада сумкаҳояшонро бо дастмол, чой ва қаҳва ва ҳатто чароғҳои хона пур мекунанд. "Оилаҳои исроилӣ ҳатто ҳангоми сафари худ мукаабҳо, овезонҳо ва дастмолҳои рӯйро аз утоқ бароварда, танҳо пас аз огоҳии полис баргардониданд."

Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Ахронот  дар канори ишора ба дуздии гардишгарони исроилӣ аз ҳотелҳои Иморот, ба равнақ гирифтани " гардишгарии фаҳшо" дар Дубай барои ҷавонони саҳюнист низ пардохтааст.

Шояд мақомоти Иморот фикр намекарданд, ки созиш бо режими саҳюнистӣ, ки 15 сентябри 2020 дар Кохи Сафед ва бо ҳузури вазирони хориҷаи Имороту Баҳрайн бо нахуствазири режими саҳюнистии бастанд, чунин ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии вазнине барои онон дошта бошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп