Ташкили кабинаи низомӣ дар Мянмар пас аз кудатои артиш
(last modified Wed, 03 Feb 2021 14:15:26 GMT )
Феврал 03, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Кудатои артиши Мянмар ва ташкили кобинаи низомӣ
    Кудатои артиши Мянмар ва ташкили кобинаи низомӣ

Артиши Мянмар, ки пас аз кудато, қудрати сиёсиро низ бар ӯҳда гирифтааст ёздаҳ мақоми кабинаи ин кишварро мансӯб кард.

Артиши Мянмар дар баёнияе эълом кард, интихоботи порлумонии ҷадид пас аз як давраи яксолаи барқарории вазъияти фавқулъода баргузор хоҳад шуд ва ин ниҳод, қудратро ба давлати ҷадид вогузор хоҳад кард.

Артиши Мянмар рӯзи душанбе бо кудатои нарм зимни бадаст гирифтани ихтиёроти давлат ва парлумон, шуморе аз аъзои аршади Ҳизби ҳокими иттиҳоди миллӣ барои демократия, аз ҷумла Win Myint, раисиҷумҳур ва Aung San Suu Kyi, раиси ҳизби ҳокимро боздошт кард ва бадунболи он вазъияти фавқулъода дар саросари ин кишвар барои яксоли пеши рӯ эълом кард.

Баҳонаи артиши Мянмар барои кудато махдӯш будан натоиҷи интихоботи парлумонии ин кишвар дар ноябри 2020 аст, ки тайи он Ҳизби иттиҳоди миллӣ барои демократия муддаии пирӯзӣ дар интихобот шуд.

Пас аз он ки Аун Сан Су Чжи, раиси ҳизби ҳоким муддаии касби 83 дарсадии оро дар интихобот шуд, артиши Мянмар ҳизби ҳокими ин кишварро ба тақаллуб дар интихоботи парлумонӣ муттаҳам кард ва бо ироаи шикояте ба Камиссиюни интихобот хостори расидагӣ шуд, аммо ин камиссиюн шикояти интихоботии артишро рад кард.

Тибқи қонуни асосии Мянмар 25 дарсади курсиҳои порлумон ба артиши ин кишвар таъаллуқ дорад ва ҳамчунин се вазири кабина низ тавассути ин ниҳод муаррифӣ мешавад.

Дар интихоботи порлумонии моҳи ноябр ҳизби вобаста ба артиши Мянмар танҳо тавонист шаш дарсад аз орои мардумро касб кунад, ки ин масаъла аз назари мақомоти аршади низомии ин кишвар мӯҷиби тазъифи мавқеъияти ин ниҳод ва қонуни асосӣ хоҳад шуд. Ба ин баҳона артиши Мянмар пеш аз кудато ҳам ҳушдор дода буд, ки чунончӣ ба ончӣ тақаллуб дар интихобот номидааст расидагӣ нашавад, иқдом хоҳад кард.

Соате пас аз кудатои артиши Мянмар ва боздошти раҳбарони ҳизби ҳокими ин кишвар ба сураът шуморе аз кишварҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ байналмилалӣ ба ин рухдод вокуниши манфӣ нишон доданд ва зимн маҳкӯм кардани шӯриш алайҳи демократия хостори озодии фаврии боздоштшудагони Ҳизби иттиҳоди миллӣ барои демократия шуданд.

Бо тавваҷуҳ ба густардагии вокунишҳои хориҷӣ ба кудатои артиш дар Мянма ва фишорҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла таҳрими давлати баромада аз кудато ва таълиқи эҳтимолии узвияти ин кишвар дар ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ин пурсиш матраҳ мешавад, ки мизони тобоварии артиши Мянмар ва давлати низомии ин кишвар дар муқобили ин паёмадҳои ин кудато чиқадар хоҳад буд?

Бо тавваҷуҳ ба онки ба таври маъмул давлатҳои баромада аз кудато тавассути артиш дар ҳар кишваре мавриди ғазаби сиёсии байналмилалӣ қарор мегиранд, ҳатто кишварҳои дорои равобити ҳасана бо кишвари кудато шуда низ дар мавриди ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ин кишвар мулоҳизотеро эъмол мекунанд.

Бо тавваҷуҳ ба қаробатҳои деринаи сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Мянмар ва Чин ба хусӯси шабоҳатҳои ҳукӯматии ду кишвар, аммо артиши Мянмар наметавонад ба ҳимоятҳо ва ҳамкориҳои Пекин дар шароити пасокудато дар ин кишвар умед дошта бошад. Ба хусӯс онки Чин ҳозир нест худро беш аз ин дар маърази иттиҳоми камтаваҷҷӯҳӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ ва усӯли демократия аз сӯи кишварҳои ғарбӣ қарор диҳад.

Ба ҳамин далел аст, ки пешбинӣ мешавад давлати баромада аз кудатои артиш дар Мянмар вазъияти бисёр шиканандае дошта бошад ва мумкин аст фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба хотимаи зудҳангоми вазъияти фавқулъода ва баргузории интихоботи зудтар аз замони эълом шуда мунҷар шавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: