Миянмар-рутбаи аввали тавлиди тарёк дар ҷаҳон
Миянмар бо пешӣ гирифтан аз Афғонистон ба бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон табдил шуд.
Дар соли 2022 Миянмар 790 тон тарёк тавлид карда буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси гузориши дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Миллали Муттаҳид, Миянмар дар соли 2023 ҳудуди 1080 тон тарёк тавлид карда, ки се баробар бештар аз Афғонистон дар муддати мушобеҳ аст.
Тавлиди тарёк дар Афғонистон бо 95 дарсад коҳиш дар соли ҷорӣ ба ҳудуди 330 тон расид. Бар асоси ин гузориш, иқтисоди маводи афюнии Миянмар байни як то ду миллиарду чаҳорсад миллион доллар даромад дорад, ки муодили 1/7 то 4/1 дарсади тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар аст.