Шӯрои амният хоҳони поёни хушунатҳо дар Мянмар шуд
(last modified Thu, 11 Nov 2021 10:02:54 GMT )
Ноябр 11, 2021 15:02 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амният хоҳони поёни хушунатҳо дар Мянмар шуд

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба афзоиши хушунатҳо дар Мянмар, хостори таваққуфи фаврии даргириҳо дар ин кишвар шуданд.

 15 узви Шӯрои амнияти Созмони милал дар баёнияе нигаронии амиқи худро нисбат ба таҳаввулоти Мянмар пас аз эъломи вазъияти изтирорие, ки дар аввали феврал воқеъ шуд, такрор карда ва аз артиш хостанд ҳаддиаксари хештандориро ба харҷ диҳанд.

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал ҳамчунин дар баёнияи худ хостори дастрасии комил, амн ва бидуни монеъи кумакҳои башардӯстона ба афроди ниёзманд дар Мянмар шуданд.

Мартин Гриффитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри башардӯстона гуфт, ба далели бесуботӣ дар Мянмар, корона ва иқтисоди рӯ ба вахомат, теъдоди афроди ниёзманд ба кумакҳои башардӯстона дар ин кишвар аз марзи 3 миллионнафар гузаштааст.

Артиши Мянмар якум феврали соли 2021 бо иддаои тақаллуб дар интихобот дар кудато, давлати ин кишварро сарнагӯн кард ва аз он замон токунӯн Мянмар бо эътирозот ва ҷумбишҳои нофармонии маданӣ рӯбарӯ аст.