Феврал 03, 2021 19:57 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Амрико ҳамвора баҳонаҳои мухталифу беасос барои эъмоли таҳримҳо дар мавриди Русия меёбад
    Захарова: Амрико ҳамвора баҳонаҳои мухталифу беасос барои эъмоли таҳримҳо дар мавриди Русия меёбад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дархости кишварҳои ғарбӣ барои озодии фаврии Алексей Навалнийро мудохила дар умури дохилии як кишвари мустақил ва дорои ҳокимият донист.

Ба гузориши “Спутник”, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар вокуниш ба дархости бархе кишварҳои ғарбӣ дар хусуси озодии фаврии Алексей Навалний, мунтақиди рус гуфт, ки мудохила дар умури як кишвари мустақил ва дорои ҳокимият зарурате надорад.

Захарова афзуд: “Мо ба ҳамаи кишварҳои ғарбӣ тавсия мекунем, ки ба масоилу мушкилоти худ расидагӣ кунанд, зеро дар ин кишварҳо ба андозаи кофӣ мушкилот вуҷуд дорад, ки бояд ҳаллу фасл шавад”.

Додгоҳи Маскав шомгоҳи сешанбе 3. 5 соли ҳабси шартӣ (муаллақ) –и Навалнийро ба ҳабс дар зиндон тағйир дод.

Беш аз 15 нафар аз коркунони сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ дар ҷаласаи додгоҳи Навалний ҳузур доштанд.

Захарова афзуд: “Ҳузури дипломатҳои хориҷӣ дар додгоҳи Навалний навъе мудохила дар умури дохилии Маскав ва дар зумраи талошҳои риёкоронаи Ғарб барои маҳори Русия аст”.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи эҳтимоли эъмоли таҳримҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар иртибот бо парвандаи Навалний гуфт: Амрико ҳамвора баҳонаҳои мухталиф ва беасос барои эъмоли таҳримҳо дар мавриди Русия меёбад ва ниёзе ба ёфтани далел барои таҳрими Русия намебинад”.

 

 

Моҷарои Навалний чӣ буд?

 

Навалний яке аз аслитарин мунтақидони Путин ва аз довталабони ширкат барои номзадии интихоботи раёсати ҷумҳурии 2018 мелодии Русия буд, ки ба далели маҳкумияти қаблӣ аз номзадӣ дар интихобот манъ шуд.

Вай бистуми моҳи август дар бозгашт аз Сибир ба Маскав бемор шуд ва пас аз фурӯди изтирории ҳавопаймо ба бемористоне дар шаҳри Томски Сибир мунтақил шуд ва сипас ба як маркази дармонӣ дар Берлин интиқол ёфт, ҷое ки пизишкони олмонӣ эълом карданд, ки нишонаҳое аз масмумияти вай бо моддаи заҳрноки “Новичок” вуҷуд дорад.

Навалний пас аз беҳбудӣ дар Берлин, чанде пеш ба Маскав бозгашт ва дар фурӯдгоҳи Маскав боздошт шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп