Хусусиятҳои шигифтангези донаи зағир барои саломатии бадан
(last modified Thu, 04 Feb 2021 06:25:45 GMT )
Феврал 04, 2021 11:25 Asia/Dushanbe
  • Хусусиятҳои шигифтангези тухми зағир барои саломатии бадан
    Хусусиятҳои шигифтангези тухми зағир барои саломатии бадан

Муҳаққиқон мегӯянд, ки ҳамроҳ кардани тухми катон (зағир) ба режими ғизоӣ метавонад барои саломатии бадан фавоиди зиёде дошта бошад.

Ба гузориши Садои Хуросон ин дона саршор аз кислотаҳои чарбии омега-3, фибр ва сафеда бой аст. Тухми зағир инчунин аз антиоксиданти пурқувват бой аст, ки метавонад хавфи баъзе саратонро кам кунад. Боварӣ доранд, ки истеъмоли ин тухм метавонад дар талафоти вазнин, баланд бардоштани саломатии меъда ва муҳофизати дил самарабахш бошад.

Таҳқиқот бар рӯи заноне, ки дар давраи баъд аз климакс қарор доштаанд, нишон додааст, доштани режими ғизоии ҳовии донаи зағир метавонад хатари ибтило ба саратони синаро коҳиш диҳад. Масрафи ин дона ҳамчунин метавонад ҳаҷми тумур дар занони мубтало ба саратони синаро коҳиш диҳад. Кислотаҳои чарбии омега-3 мавҷуд дар донаи зағир хосияти зиддиилтиҳобӣ дорад, ки ҳамин мавзӯ боиси таъсиргузории мусбати он дар раванди дармони саратони сина мешавад.

Инчунин таҳқиқот нишон медиҳад доштани режими ғизоии ҳовии донаи зағир  метавонад то 20 дарсад аз афзоиши сариъи қанди хун дар беморони диябетӣ ҷилавгирӣ кунад. Кислотаҳои чарбии Омега- 3 мавҷуд дар донаи зағир хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ ба хусус бемориҳои марбут ба рагҳои хунрасон ба қалбро коҳиш медиҳад.

Донаҳои зағир ҳамчунин барои саломат ва шодобии пӯсту мӯ низ муфид аст. Масрафи ин дона обрасонӣ ба пӯстро афзоиш медиҳад ва ҳамин мавзӯ боиси дурахшндагии пӯст мешавад. Истифода аз равғани зағир низ метавонад таъсири бебаҳо дар саломати пӯсту мӯ дошта бошад. Шумо метавонед ин равғанро барои тоза кардани пӯст истифода баред, инчунин доғҳои пӯст ва экземаро беҳтар кунед. 

 

Донистаниҳои бештари илмиро инҷо бихонед.