Эрдуғон бори дигар дар фикри тағири қонуни асосии Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i61708
Дар ҳоле, ки ҳанӯз чаҳор сол ҳам аз тағироти пешини қонуни асосии Туркия нагузаштааст, раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимояти худро аз ислоҳоти ҷадид дар қонуни асосӣ эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 04, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳукумати Туркия метавонад замина барои даври сеюми пайдарпайи президентии Эрдуғонро фароҳам оварад.
    Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳукумати Туркия метавонад замина барои даври сеюми пайдарпайи президентии Эрдуғонро фароҳам оварад.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз чаҳор сол ҳам аз тағироти пешини қонуни асосии Туркия нагузаштааст, раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимояти худро аз ислоҳоти ҷадид дар қонуни асосӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, ин мавзеи Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз изҳороти рӯзи душанбеаш баён мешавад, ки гуфта буд: «Шояд замони он расидааст, ки дар Туркия дубора дар бора қонуни асосии ҷадид суҳбат кунем.»

Изҳороти Эрдуғон дар бора тағйири қонуни асосӣ танишро дар фазоии сиёсии Туркия бештар карда то ҷое, ки Муҳаррам Иркик муовини ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи халқ низ суханони Эрдуғонро " муфлисшавии сиёсӣ " хонду гуфт : «Дар ду солуними гузашта баъд аз тағйири низоми порлумонӣ ба низоми раёсатӣ акнун ба назар мерасад режим варшикаста шудааст.»

Аммо ҳукумати Бағчели, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллатгарои Туркия, сарқонуни навро барои Туркия зарурӣ хонд ва гуфт, ки ҳизбаш онро қабул кардааст.

Бархе коршиносон мегӯянд давлати Туркия эҳтимолан ба дунболи баргузории интихоботи зудҳангом то қабл аз соли 2023 хоҳад буд то иҷоза диҳад Эрдуғон сеюмин давраи паёпаии номзади интихоботи шавад.

Қонуни асосии феълии Туркия, ки борҳо тағйир карда ва ислоҳ шуда баъд аз кудетои 1980 милодӣ дар Туркия тадвин шуд ва муддатҳост бештари аҳзоб хостори тағйири он будаанд.

 

Бештар бихонед: