Феврал 05, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Байден: Тамоми ҳимоятҳои низомии худ аз ҷанг дар Яманро мутаваққиф хоҳем кард
    Байден: Тамоми ҳимоятҳои низомии худ аз ҷанг дар Яманро мутаваққиф хоҳем кард

Раиси ҷумҳурии нави Амрико дар суханронии худ дар бораи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида муддаӣ шуд: “Дипломатияи Амрико бозгашта аст, эътилофҳоро бозмегардонем ва бо дунё дар иртибот хоҳем буд”.

Ҷо Байден дар ин суханронӣ, ки дар сохтмони Вазорати хориҷаи ин кишвар баргузор шуд, афзуд: “Эълом мекунам, ки сиёсати хориҷии мо тағйир хоҳад кард ва вазири дифои Амрико дар шароити ҳузури нерӯҳоямон дар хориҷ бар асоси авлавиятҳову амнияти миллии кишварамон таҷдиди назар хоҳад кард”.

Вай сипас дар изҳороте мудохилаҷӯёна хитоб ба Русия таъкид кард: “Алексей Навалний бояд фавран озод шавад”.

Раиси ҷумҳурии Амрико идома дод: “Аз ин пас дар таомул бо Русия фаъолтар хоҳем буд ва бо иқтдоргароии Чин ва Русия муқобила хоҳем кард”.

Байден ҳамчунин бар поёни ҷанги Яман таъкид кард ва муддаӣ шуд: “Тамоми ҳимоятҳои низомии худ аз ҷанг дар Яманро мутаваққиф хоҳем кард, аммо барои дифоъ аз ҳокимияти Арабистон бо ин кишвар ҳамкориро идома хоҳем дод”.

Ҷо Байден: Кудато дар Мянмар маҳкум аст

Ҷо Байден дар идома гуфт: Дар чанд рӯзи гузашта мо ҳамкории фишурдае бо шарикон ва муттаҳидонамон доштаем то ҷомеаи байналмилалиро барои расидагӣ ба кудатои низомӣ дар Мянмар муттаҳид кунем.

Вай гуфт: Артиши Мянмар бояд аз қудрате, ки тасоҳуб кардааст, даст бикашад ва фаъолону мақомоти боздоштшударо озод кунад.

Нахустин суханронии расмии Байден дар бораи сиёсати хориҷии Амрико дар ҳоле матраҳ шуда, ки вай ҳеч суҳбате дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон ва ё бозгашти эҳтимолии давлаташ ба ин тавофуқ матраҳ накард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп