Русия ба иддаоҳои барҷомии Байден вокуниш нишон дод
(last modified Mon, 08 Feb 2021 15:12:07 GMT )
Феврал 08, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Танҳо роҳи пешрафт ҳамгомсозии қадамҳои ду тараф аст
    Улянов: Танҳо роҳи пешрафт ҳамгомсозии қадамҳои ду тараф аст

Намояндаи Русия дар ниҳодҳои байналмилалӣ пешшарти гузоштаи Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои лағви таҳримҳои зиддиэронӣ ва исрор ба бардоштани қадами аввал аз сӯйи Эронро иқдоме ғайрисозанда хонд.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», Михаил Улянов дар паёме твиттерӣ ба иддаоҳои барҷомии Ҷо Байден вокуниш нишон дод ва гуфт: Ин изҳорот такрори иддаоҳои мушобеҳе аст, ки пештар Ҷин Саки, сухангӯи Кохи Сафед матраҳ карда буд, дар хусуси ин ки «тӯб дар замини Эрон аст» ва гоми аввал барои бозгашти комил ба БарҶомро бояд Эрон бардорад.

Аз сӯи дигар, Байден дар мусоҳиба бо шабакаи Си Би Эс низ муддаӣ шуда буд, ки Иёлоти Муттаҳида барои оғози дубораи музокирот таҳримҳоро барнахоҳад дошт!

Михаил Улянов низ ба ин худхоҳии барҷомии Амрико вокуниш нишон дод ва гуфт: Возеҳ аст, ки танҳо роҳи пешрафт ҳамгомсозии қадамҳои ду тараф аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико пас аз касби қудрат аз БарҶом ва бисёре аз паймонҳову созмонҳои байналмилалӣ хориҷ шуд.

Бозгашт ба ин паймонҳо, аз ҷумла БарҶом ва Паймони обу ҳавои Порис аз ваъдаҳои интихоботии Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико будааст.

 

Бештар бихонед: