Улянов: Эрон комилан ҳақ дорад; ҳуқуқи ҳастаии кишварҳо ғайриқобили инкор аст
(last modified Sun, 04 May 2025 08:20:16 GMT )
Май 04, 2025 13:20 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Эрон комилан ҳақ дорад; ҳуқуқи ҳастаии кишварҳо ғайриқобили инкор аст

Порс Тудей - Намояндаи Русия дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо таъйиди мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи ҳаққи бархӯрдорӣ аз чархаи комили сӯхти ҳастаӣ, бар ғайриқобили инкор будани ҳуқуқи кишварҳои узви Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ таъкид кард.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи шанбе бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: «Тарҷеҳ медиҳам дар ин марҳалаи ҳассос аз гуфтугуҳо, аз изҳори назар дар бораи ҷузъиёт худдорӣ кунам, аммо вазири хориҷаи Эрон комилан дуруст мегуяд.»

Ба гузориши Порс Тудей, вай афзуд: «Бар асоси муоҳидаи NPT, кишварҳои узв сирфан мутааҳҳид ба бархе илзомот нестанд, балки аз ҳуқуқе бунёдин бархӯрдоранд, ки наметавон онҳоро зери савол бурд.»

Пештар, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба суханони ахири Марко Рубио, вазири хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ки бори дигар иддаои мамнуияти ғанисозии уран тавассути Эронро матраҳ карда буд, таъкид кард, ки «такрори иддаоҳои нодуруст, воқеиятҳои бунёдинро тағйир намедиҳад».

Ироқчӣ афзуд: «Эрон ба унвони яке аз имзокунандагони бунёнгузори NPT, ба таври комил ҳаққи бархӯрдорӣ аз чархаи сӯхти ҳастаиро дорад».

Вай ҳамчунин дар паёми худ дар шабакаи иҷтимоии Х тасреҳ кард: «Дар миёни кишварҳои узви NPT, намунаҳои мутааддиде аз давлатҳое вуҷӯд дорад, ки зимни ғанисозии уран, ба таври комил силоҳи ҳастаиро рад кардаанд, кишварҳое аз Осиё, Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ. »

Ироқчӣ афзуд: «Иттихози мавозеъи ҳаддиаксарӣ ва лаффозиҳои таҳрикомез, на танҳо кумаке ба ҳаллу фасли ихтилофот намекунад, балки имкони расидан ба тавофуқро низ тазъиф месозад. Як тавофуқи муътабару пойдор дар дастрас аст, танҳо ба иродаи сиёсӣ ва рӯйкарде мунсифона ниёз дорад».

Муоҳидаи NPT, ки Эрон аз имзокунандагони муассиси он маҳсӯб мешавад, тибқи модаи чаҳорум, ҳаққи баҳрагирии сулҳомез аз энержии ҳастаиро барои ҳамаи кишварҳои узв тазмин карда ва ғанисозии уранро низ бахше аз ин ҳуқуқ медонад.

Изҳороти Марко Рубио дар ҳоле баён шуд, ки даври тозае аз гуфтугуҳои Эрону Амрико дар бораи парвандаи ҳастаӣ дар ҷараён аст ва бархе нозирон муътақиданд, изҳороти мутаноқизи мақомоти давлати Трамп метавонад раванди музокиротро бо чолишҳои бештаре мувоҷеҳ кунад.