Лашкаркашӣ ба Конгресс 438 миллиондоллар барои Амрико ҳазина дошт
Вазорати дифои Амрико эълом кард, ки эъзоми нерӯҳои Горди миллӣ барои ҳифзи амнияти маросими таҳлифи Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳудуди 438 миллиондоллар ҳазина доштааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, 284 миллиондоллар барои ҳазинаҳои кормандон ва 199 миллиондоллар барои ҳазинаҳои амалиётӣ будааст.
Вин Ҳолл(Wayne Hall), сухангӯи идораи Горди миллии Амрико ҳам дар ташреҳи иқдомоти анҷом шуда гуфтааст: “ҳазинаҳои амалиётӣ шомили маҳали сукунат, ваъдаҳои ғизоӣ, ҳамлу нақл, нигаҳдорӣ ва ҳазинаҳои изофии ҳамлу нақли ҳавоӣ-низомӣ барои ҷобаҷоии нерӯҳо ва маҳмӯлаҳои мавриди ниёз аст.
Ба дунболи таҳдиди ҳомиёни Трамп барои ҳузури муҷаддад дар маросими таҳлифи Байден, беш аз 25ҳазор нерӯи Горди миллӣ ба Вашингтон барои ҳифзи амнияти ин маросим эъзом шуд.
Рӯзи чаҳоршанбе (6 январ) ҳаводорони Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо ҳамла ба Конгресси ин кишвар барои соате онро ба тасарруфи худ дар овараданд.
Дар ин ҳамла, ки боис шуд Ҷо Байден, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико рӯзи чаҳоршанбеи шашуми январи 2021-ро «ториктарин рӯзи таърихи Иёлоти муттаҳида» унвон кунад, дастикам 5 нафар аз ҷумла як нерӯи пулис кушта шуданд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Трамп масъулияти ҳамла ба Конгрессро бар ӯҳда гирифт
- Судури кайфархост алайҳи 15 нафар аз омилони ҳамла ба Конгресси Амрико
- Ҳамлаи тарафдорони Трамп ба як Конгресси иёлатӣ дар Амрико + филм