Октябр 18, 2016 14:14 Asia/Dushanbe
  • Таарруз ба зане дар бинои порлумони Англия

Полиси Англия дастёри яке аз намояндагони порлумони ин кишварро ба иттиҳоми таҷовуз ба зане дар бинои порлумон боздошт кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, полиси Лондон рӯзи душанбе бо судури баёнияе эълом кард, рӯзи чаҳордаҳуми октябр шахсе дар бинои порлумон ба зане таҷовуз кард, ки пас аз шикояти зани қурбонӣ, полис фарди муттаҳамро боздошт кард.

Дар идомаи баёнияи полиси Англия бидуни ишора ба номи муттаҳам ва зани қурбонӣ омадааст, таҳқиқот барои баррасии мавзӯъ оғоз шудааст.

Зани қурбонӣ ба полис гуфтааст, субҳи рӯзи ҷумъа бо Сом Ормстронг, аз мушовирони ҳизби ҳоким ба дафтари Крейг Маккинлей, аз намояндагони порлумон рафта ва дар он макон мавриди ҳамла ва таарруз қарор гирифтааст.

Таарруз ба зане дар бинои порлумони Англия дар шароите аст, ки Конгресси иттиҳодияи тиҷории ин кишвар чанде пеш дар бораи афзоиши фасоди ахлоқӣ дар муҳитҳои кории Англия ҳушдор дода буд.

Натоиҷи назарсанҷии Конгресси иттиҳодияи тиҷории Англия (TUC) нишон медиҳад, ки беш аз ниме аз занони ин кишвар дар муҳитҳои корӣ таҳти озору азияти ҷинсӣ қарор мегиранд.