Феврал 14, 2021 23:37 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти бӯҳронии низоми дармонии Амрико
    Вазъияти бӯҳронии низоми дармонии Амрико

Табъизи нажодӣ дар ироаи хадамоти дармонӣ; ва хастагии кодри дармонӣ 5 иллати ҳуҷуми беморони коронаӣ низоми дармонии Амрикоро бо бӯҳрон мувоҷеҳ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз замони шурӯъи бӯҳрони ҳамагирии корона дар Амрико,  тавони кормандон ва инчунин захираҳои тиббӣ ва бемористонии ин кишвар ру ба таҳлил рафтааст ва бисёре аз кодри дармонӣ умед ва сабри худро аз даст додаанд.

 

Ба иллати афзоиши рӯзмарраи муроҷиаткунандагон ба бемористонҳо дар Амрико, кодри дармонӣ аз бетадбирии масулон дар мудирияти ҳамагирӣ норозӣ ҳастанд.

Аз сӯи дигар бархурди табъизомез бо беморони сиёҳпӯст, испанияи таборҳо ва аққалиятҳои қавмӣ ба шиддат намоён аст.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, танҳо дар рӯзи шанбе дар Иёлоти Муттаҳида боз 483 ҳазор нафар беморони коронаии дигар муайян карда шуданд.

Оморҳо нишон медиҳад инчунин маҷмӯи беморони коронаӣ дар Амрико, ба беш аз 28 миллион нафар расидааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп