Феврал 15, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Гутерреш: ДИИШ дар Афғонистон барои раванди сулҳ мушкил эҷод мекунад
    Гутерреш: ДИИШ дар Афғонистон барои раванди сулҳ мушкил эҷод мекунад

Дабири кулли Созмони Милал дар гузорише эълом кард, густариши вируси корона сабаби афзоиши таҳдидҳои ДИИШ дар Афғонистон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Уфуқ нюс”, дар гузориши Антонио Гутерреш омадааст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи иёлатҳои Нангарҳор ва Кунар дар шарқи Афғонистон ҳамчунон ҳузур дорад ва ба мардум ва мавозеи низомиён ҳамла мекунад.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Афғонистон барои раванди сулҳи ин кишвар мушкил эҷод мекунад ва эҳтимоли ҳамлаи ин гурӯҳ ба марокизи шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Кобул вуҷуд дорад.

Волии Нангарҳор рӯзи душанбе эълом кард, чаҳор узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин устон шиносоӣ ва дастгир шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп