Сабти сеюмин ваксинаи коронаии русӣ бо номи «КовиВак»
-
«КовиВак» сеюмин ваксинаи русӣ
Сеюмин ваксинаи коронаии сохти Русия бо номи «КовиВак» ба сабт расид.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия рӯзи шанбе аз сабти сеюмин ваксинаи коронаии сохти ин кишвар хабар дод ва гуфт: “ваксинаи ҷадид тавассути Маркази илмии федероли М.П. Чумакова, Академияи улӯми Русия сохта шудааст.
Ба гуфтаи Мишустин, Русия токунӯн 4000 истгоҳи ваксинатсияро ифтитоҳ карда ва дастикам 10 миллион доз ваксинаи «Спутник V» ва 80 ҳазор доз ваксинаи «EpiVacCorona» тавлид кардааст.
Нахуствазири Русия ҳамчунин хотирнишон кард, дастикам 120 ҳазор доз аз ваксинаи ҷадид то авосити март дар дастраси бозори дохилӣ қарор хоҳад гирифт.
Русия аввалин ваксинаи коронаии ҷаҳонро дар моҳи августи 2020 сабт кард, ки “Спутник V” ном дорад. Ваксинаи дувуми ин кишвар бо номи “EpiVacCorona” дар моҳи октябри соли гузашта ба сабт расид.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Судури муҷаввизи масрафи изтирории ваксинаи Спутник V -и Русия дар Эрон
- 26 кишвари ҷаҳон аз ваксинаи русии корона истифода мекунанд