Шумори қурбониёни сармои бесобиқа дар Амрико ба 70 нафар расид
(last modified Sun, 21 Feb 2021 08:27:57 GMT )
Феврал 21, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни сармои бесобиқа дар Амрико ба 70 нафар расид

Дар паи шароити бархоста аз сармову яхбандони бесобиқа дар бахшҳои ҷанубии Амрико, бахусӯс Техас ва ҳамчунин қатъи барқу системаҳои гармоишӣ то кунун 70 нафар ҷони худро аз даст доданд.

  Ба гузориши хабаргузории Форс, талафоти сармои бесобиқаи зимистонӣ дар Амрико ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва то кунун 70 нафарро ба коми марг кашонда ва бисёри дигарро бидуни барқу оби ошомиданӣ гузоштааст.

 Ба гузориши вебгоҳи хабарии «Ҳил» дар шаҳри Fort Worth-и иёлати Техас, танҳо дар рӯзи чаҳоршанбе 77 маврид гузориши сармозадагӣ сабт шуд.

  Бархе аз мардум дар пайи ёфтани гармо ба мошинҳои гироншуда ё канори генераторҳо паноҳ бурдаанд, ки боиси як қатор маргу  мирҳои вобаста ба заҳролудшавӣ бар асари гази оксиди карбон шудааст .

 Дар паи ин вазъият  Ҷо Байден -раиси ҷумҳӯри Амрико бо эъломи вазъияти изтирорӣ дар иёлатҳои Техас,Луизиана ва Оклахома мувофиқат кард . Байден эъломияи фоҷеъаи бузург барои Техасро содир кард, то манобеи бештаре барои расидагӣ ба қатъии барқу камбӯди об дар ин иёлати мавриди истифода қарор бигирад .

 

   Бештар бихонед :