Шутури гирён
Қабл аз дидани видео матни зеринро мутолиа кунед!
Дар мустанади "Шутури гирён" ҳодисае камназир ба тасвир кашида мешавад:
Бодиянишинони сокини Муғулистон ба муроқибат аз домҳояшон машғуланд, ки дар ин миён яке аз шутурҳо фарзанде ба дунё меоварад. Фарзанд аз лиҳози нажодӣ ва ранг бисёр бо модараш мутафовит аст ва модар аз дидани ин рухдод ҳайратзада мешавад. Модар аз додани шир ба фарзандаш худдорӣ мекунад ва аз онҷо, ки ба сони моҷарои Зол ин шутур низ аз фарзанди сафедрӯи худ фирорӣ аст, мудом ӯро аз худ дур мекунад. Ба ин нишона, ки туро ба фарзандӣ нахоҳам пазируфт. Фарзанд доимо ба дунболи модар меравад ва дар тамоми ин айём ҳеч чиз намехӯрад! Зеро ӯ исрор дорад, ки аз шири модараш тағзия кунад, аммо модараши ин иҷозаро намедиҳад, ҳатто қабилаҳои қавмӣ саъй мекунанд, ки бо зарф ё васоили дигар ба фарзандаш шир бидиҳанд то талаф нашавад. Аммо ӯ лабҳояшро маҳкам фишор медиҳад, танҳо шири модарашро қабул дорад !
Муддатҳо мегузарад ва танҳо роҳе, ки барои ҳалли ин мушкил монда буд паноҳ бурдан ба як чиз аст ! Паноҳ бурдан ба мусиқии зебо ва ғамангези Муғулистон, ки дар маросиме онро барои фарзанду модар менавозанд то магар модар меҳри модариашро ба ёд оварад. Ончӣ ки пас аз навохтани мусиқӣ байни модар ва фарзанд рух медиҳад бисёр тамошобоб аст ва зеботар аз ҳама ҳангоме, ки аз чашмони шутури модда ашк сарозер мешавад!
Ин видиои хулосашудае аз тамоми мустанад аст.
Бештар бихонед: