Таъхири парвозҳои ҳавопаймоҳои 777
(last modified Mon, 22 Feb 2021 15:47:08 GMT )
Феврал 22, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Суқути ҳавопаймои 777 дар иёлати Колорадои Амрико боис шуд ширкати «Боинг» истифода аз ин моделро ба таъхир андозад.
    Суқути ҳавопаймои 777 дар иёлати Колорадои Амрико боис шуд ширкати «Боинг» истифода аз ин моделро ба таъхир андозад.

Ширкати амрикоии «Боинг» пас аз ҳодисаи ҳавопаймоии 777 –и ширкати ҳавопаймоии «Юнайтед» ва тикка - тикка шудани мотори он дар осмон парвози ин ҳавопайморо ба ҳолати таъхир даровард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории «Рейтерс», суқути ҳавопаймои 777 дар иёлати Колорадои Амрико боис шуд ширкати «Боинг» истифода аз ин моделро ба таъхир андозад.

Ҳамзамон нашрияи «Зӯддойче Тсайтунг» -и Олмон аз суқути қатаоти ҳавопаймои Боинг дар шаҳри Маастрихт, дар ҷануби Ҳолланд хабар дод, ки боиси масдумияти 2 нафар шуд.

Ба дунболи ин ҳаводис Вазорати нақлиёти Ҷопон низ аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохилии худ хост, ба далели эҷоди сониҳа барои 2 ҳавопаймои Боинг 777 то итилои сонавӣ истифода аз ин моделро мутаваққиф кунанд.

Хутути ҳавоии «Юнайтед» дар пайи тасмими Боинг эълом кард, ба сурати довталабона ва муваққат 24 ҳавопаймои фаъоли худро канор мегузорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати Боинг пеш аз ин эълом карда буд: дар шароите ки ҳамагирии Ковид - 19 сабаби уфти тақозо барои ҳавопаймо шудааст, 69 ҳавопаймои фаъол ва 59 адад ҳам дар анбор дорад.

Бар асоси иттилооти идораи ҳавонавардии федералӣ (FAA), ширкати «Юнайтед» танҳо хатти ҳавоии амрикоӣ аст, ки аз ин модели ҳавопаймо барои парвозҳои худ истифода мекунад ва ширкатҳои ҳавопаймоии дигар, ки аз онҳо истифода мекунанд, дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд.