Афзоиши хисороти иқтисодӣ дар Амрико
Хисороти селу тӯфону яхбандон дар иёлоти мухталифи Амрико зарфи 30 сол то ҳудуди 61 дарсад афзоиш меёбад.
Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории «Рейтерс», Matthew Abby, муассис ва мудири иҷроии маркази таҳқиқоти бунёди «Фирст Стрит» дар Ню-Йорк гуфт, хисороти балоёии табиӣ дар Амрико имсол ҳудуди 20 миллиард доллар ва то соли 2051 ба 32 миллиард доллар хоҳад расид.
Бар асоси ин гузориш, дар ин таҳқиқот мушаххас шудааст, ки ҳудуди 4. 3 миллион хона (мутамарказ дар Флорида, Калифорния, Королинаи Ҷанубӣ ва Техас) бо хатари болои эҳтимоли хисороти иқтисодии ношӣ аз сел дар соли ҷории мелодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ин дар ҳоле аст, ки аксари ин хонаҳо таҳти пӯшиши тарҳи пардохт бимаи илзомии сел аз сӯи давлати Вашингтон қарор надоштаанд.
Бар асоси эъломи Ожонси федероли мудирияти шароити изтирорӣ дар Амрико, ҳазинаи осебҳои ношӣ аз сел байни соли 2010 то 2018 солона ҳудуди 17 миллиард доллар будааст.
Бештар бихонед: