Вокуниши Маскав ба таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо зидди Русия
Русия афзоиши таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупоро дар робита бо парвандаи Алексей Навалний, мухолифи ғарбгарои давлати Русия, намоише аз пеш навишташуда арзёбӣ кард.
Ба гузориши «Спутник», Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, тасмими Иттиҳоди Аврупо барои густариши таҳримҳо алайҳи Русия дар парвандаи мухолифи ғарбгарои давлати Маскав, шабеҳ ба намоиши Сирк аст.
Вазири умури хориҷаи Полша додситони кулли Русия, раиси Кумитаи таҳқиқ ва бархе дигар аз мақомоти қазоии Русияро дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо эълом кард.
Ҷозеф Борл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи рӯзи душанбе дар Брюссел мувофиқат карданд, ки таҳримҳоеро алайҳи ашхоси рус дар мавзӯи Алексей Навалний густариш диҳанд.
Додгоҳи Маскав пештар, пас аз баррасии иттиҳомоти Алексей Навалний, саркардаи мухолифони давлати Русия, вайро ба далели нақзи шароити озодии шартӣ ва ҷароими амниятӣ ба 3.5 соли ҳабс маҳкум кард.
Боздошти Навалний ба арсаи ҷадиде барои густариши корзори зиддирусии ғарбиҳо табдил шудааст.
Бештар бихонед:
- Таҳрими Эрон ва Русия, ҷомеътарин таҳримҳои таърихи Амрико
- Таҳримҳои нави Аврупо алайҳи Русия: Намоди рӯёрӯии Ғарб бо Маскав
- Афзоиши таҳримҳои Русия алайҳи Украина