Интиқоди Пекин аз ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Сурия
Феврал 26, 2021 21:45 Asia/Dushanbe
Чин бо интиқод аз амалиёти ҳавоии Амрико дар хоки Сурия, аз ҳамаи кишварҳо хост, ба истиқлолу тамомияти арзии Сурия эҳтиром бигузоранд.
Ба гузориши хабаргузории СинХуа, Пентагон имрӯз эълом кард, ки ҷангандаҳои амрикоӣ манотиқе аз шарқи Сурияро ҳадаф қарор додаанд.
Амалиёте, ки дар он дастикам 1 нафар кушта ва чанд тан захмӣ шуданд. Дар ин хабар ба ҳувияти кушташудагон ишорае нашудааст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа аз ҳамаи тарафҳои марбута хост, ба истиқлол, ҳаққи ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Сурия эҳтиром бигузоранд ва аз афзудани печидагиҳои ҷадид ба авзоъ дар Сурия худдорӣ кунанд.
Барчасп