Феврал 27, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Давлати Амрико: Валиаҳди Саӯдӣ бо «рабудан» ё « қатл» -и Хошуқҷӣ дар Истанбули Туркия мувофиқат карда буд
    Давлати Амрико: Валиаҳди Саӯдӣ бо «рабудан» ё « қатл» -и Хошуқҷӣ дар Истанбули Туркия мувофиқат карда буд

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа гузориши марбӯт ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саӯдиро мунташир ва эълом кард, террори Хошуқҷӣ ба дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон анҷом шудааст.

Ба гузориши ИРНА, ин гузоришро Дафтари мудири иттилооти миллии Амрико мунташир кардааст ва бар асоси он валиаҳди Арабистон, Хошуқҷиро таҳдиде барои ин кишвар медониста ва бо истифода аз равишҳои хушунатомез барои сокит кардани ӯ мувофиқ будааст.

Иттилооти миллии Амрико дар ин гузориш ба сароҳат эълом кардааст, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саӯдӣ бо «рабудан» ё «қатл» -и Ҷамол Хошуқҷӣ дар Истанбули Туркия мувофиқат карда буд.

Давлати Амрико баъд аз интишори ин гузориш эълом кард, алайҳи 76 мақоми Арабистони Саӯдӣ маҳдӯдиятҳои раводид содир кардааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саӯдӣ дувуми октябри 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба тарзи фаҷиъе ба дасти маъмурони эъзом шуда аз Риёз ба қатл расид.

Хошуқҷӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Саӯдӣ қарор дошт ва аз бими дастгир шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.   

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп