Феврал 28, 2021 22:20 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқи ФБР оид ба истифодаи агентҳои кимиёвӣ алайҳи Гвардияи Конгресс
    Таҳқиқи ФБР оид ба истифодаи агентҳои кимиёвӣ алайҳи Гвардияи Конгресс

Идораи таҳқиқоти федероли Амрико дар ҳоли таҳқиқ руи навъе аз моддаи кимиёвӣ аст, ки дар ҳини ҳамла ба Конгресс аз суи ҳаводорони Трамп алайҳи маъмурон истифода шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баррасиҳои идораи таҳқиқоти федероли Амрико (ФБР ) нишон додааст, ки иллати марги « Брайан Сикник» маъмури полисе, ки шашуми январ ҳангоми ҳамла ба конгресс ҷон бохт, ба сабаби латукӯб нест. 

Аз сӯи дигар, дар яке аз видеоҳои ҳамлаи ҳаводорони «Доналд Трамп » раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ба конгресс нишон медиҳад яке аз ин афрод модаи шимиёиро ба самти Сикник пошидааст. 

Полиси конгресс дар баёнияе дар ин робита эълом кард: «Гузориши баррасиҳои пизишкӣ дар хусуси иллати марги афсар Брайан Сикник пас аз вуқӯъи ҳамла ба конгресс дар торихи шашуми январ, такмил нашудааст. Мунтазири натоиҷи озмоишҳои самшиносӣ ҳастем ва дар заминаи таҳқиқ дар бораи иллати марги ин афсар ба ҳамкорӣ бо дигари ожонсҳои давлат идома медиҳем». 

Бисёре аз омилони ҳамла ба Конгресс афроди сафедпӯст ва аъзои гурӯҳҳои ростгарои ифротӣ буданд, аз ҷумла "Писарони мағрур" ва "Вафодорон ба савганд", ки дар артиши ИМА низ таҷриба доштанд.

Бештар бихонед: