Октябр 19, 2016 15:01 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти дастрасии Ассанж ба интернет

Вазорати хориҷаи Эквадор эълом кард, барои ҷилавгирӣ аз бурузи ихлол дар интихоботи Амрико, дастрасии муассиси сайти Викиликс ба интернетро маҳдуд кардааст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, давлати Эквадор рӯзи сешанбе эълом кард, дастрасии Ҷулиан Ассанж, муассиси сайти ифшогари Викиликсро маҳдуд кардааст .

Эквадор муддаӣ шудааст, дарзи матолиби пойгоҳи интернетии ифшогар мумкин аст, интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро таҳти таъсир қарор диҳад .

Бархе манобеъ ҳам эълом карданд, ин иқдом таҳти фишори Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико анҷом шудааст .

Бо вуҷуди эъмоли маҳдудият, Эквадор ҳамчунон бар азми худ барои идомаи эътои паноҳандагӣ ба Ассанж таъкид кардааст .

Ассанж, ки аз чанд сол қабл дар паи таъқиби қазоӣ ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳанда шуда, дар ҳафтаҳои гузашта ҳазорон санади маҳрамонаи мутааллиқ ба Ҳилларӣ Клинтон, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва Ҳизби демократро мунташир кардааст .

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико 8-и ноябри 2016 баргузор мешавад .