Роҳандозии интернети низомӣ дар Русия
Русия дар ростои эминсозии иртибототи ҳассос дар фазои маҷозӣ ва муқобила бо нуфузҳои эҳтимолӣ, интернети низомӣ роҳандозӣ кард.
Ба иттилои Ирно, рӯзномаи русии Известия рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз як мақоми низомӣ, ки номаш фош нашудааст, навишт, бар асоси барномарезиҳо, воҳидҳои размӣ ва ягонҳои бештаре дар манотиқи мухталиф зери пушиши шабакаи интернети низомӣ қарор хоҳанд гирифт, то амнияти иртиботӣ беш аз гузашта ҳифз шавад .
Ба навиштаи ин рӯзнома, зерсохтҳои мухобиротии лозим барои эҷоди шабакаи амну мустақили интернетӣ дар ихтиёри Вазорати дифои Русия қарор гирифтааст, ки бо шабакаи ҷаҳонии фазои маҷозӣ иртибот надорад .
Бар асоси иттилооти интишорёфта, бистари шабакаи интернети низомии Русия мустақил буда, зеро бахши аслии мудирият ва барномарезиҳои кории фазои сайберии ҷаҳонӣ дар ихтиёри ширкатҳои амрикоӣ аст, ки ҳамкориҳои густардае бо созмонҳои ҷосусӣ ва иттилоотии Амрико доранд .
Роҳандозии мотори ҷустуҷуи миллии Яндекс, ки дар ҷамъи панҷ мотори бартари ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке дигар аз барномаҳои муваффақи Русия барои вобастагии ҳарчи камтар ба хадамоти ироашуда аз сӯи ширкатҳои амрикоӣ дар арсаи интернетӣ аст .