Эътирози парлумони Афғонистон алайҳи Арабистон
Дар ҳоле ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар Арабистон ба сар мебурд, намояндагони парлумони Афғонистон аз кӯмакҳои Ҳукумати Арабистон ба гурӯҳҳои хушунатталаб ва террористӣ ба шиддат интиқод карданд.
Ба гузориши шабакаи "Пресс" ТВ, намояндагони парлумони Афғонистон аз иқдоми Арабистон дар робита ба пардохти садҳо миллион доллар ба гурӯҳи Толибон барои пешбурди аҳдофи Риёз дар Афғонистон ба шиддат хашмгин ҳастанд. Ба гуфтаи намояндагони муътариз, Арабистон солона 300 миллион доллар ба Толибон кӯмак мекунад; гурӯҳе, ки ҳамчунон бо Ҳукумати Афғонистон дар ҳоли ҷанг аст. Ҷамол Факури Биҳиштӣ, яке аз намояндагони парлумони Афғонистон эълом кард, аз Ҳукумати Афғонистон хоста шудааст, дар равобити худ бо Арабистон таҷдиди назар кунад, зеро режими Оли Сауд ҳамвора аз гурӯҳҳои террористӣ натанҳо дар Афғонистон, балки дар Покистон ва бисёре аз дигар кишварҳо пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи Ғуломҳусайн Носирӣ, дигар намояндаи парлумони Афғонистон сарони Саудӣ бо пардохти миллионҳо доллар ба Толибон аҳдофе чун эҷоди ҷангҳои гурӯҳӣ ва танишҳои қавмиро дар Афғонистону Покистон дунбол мекунад.
Эътирозҳо ба амалкарди Арабистон дар Афғонистон дар ҳоле шиддат гирифтааст, ки дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон эълом кард, вай дар дидор бо мақомоти Саудӣ дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон бо онҳо гуфтугӯ кардааст. Бо ин ҳол, афзоиши сатҳи эътирозҳо дар Афғонистон нисбат ба ҳимоятҳои Арабистон аз Толибон баёнгари умқи нигаронӣ аз паёмадҳои дахолаткуниҳои Риёз дар умури дохилии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон аст.
Ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Арабистон аз гурӯҳҳои террористие чун ДИИШ ва ал-Қоида дар Яману Сурия ва Ироқ маҳофили мухталифро дар Афғонистон низ ба ин натиҷа расондааст, ки давлати Риёз ҷиҳати амалӣ кардани аҳдофи шуми худ хати тафриқа ва эҷоди ҷанги дохилиро дар кишварҳои исломӣ пайгирӣ мекунад. Интишори бархе гузоришҳо дар мавриди ихтисоси 500 миллион доллар барои сохтани бинои Донишгоҳи исломӣ аз сӯйи Арабистон дар вилояти Нангарҳор, ки бо эътирози мақомоти маҳаллӣ ва мардум рӯ ба рӯ шудааст, ба нигаронӣ аз паёмадҳои густариши ваҳҳобият аз сӯйи Арабистон дар Афғонистон доман мезанад.
Хулоса фаъолияти мактабҳои мазҳабӣ дар Покистон барои ривоҷ додани омӯзаҳои ғалати исломӣ, густариши ваҳҳобият ва доман задан ба фирқагароию терроризм дар ин кишвар аст, ки чеҳраи Покистонро дар арсаи минтақаӣ ва байналамилалӣ ба шиддат манфӣ ҷилва додааст. Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, режими Саудӣ бо пардохт кардани кӯмакҳои молӣ аз як сӯ ва тарвиҷи андешаҳои ифротгароӣ аз сӯи дигар, дар воқеъ, сиёсатҳои Амрико ва Англияро барои эҷоди тафриқаву ҷанги дохилӣ дар кишварҳои исломӣ пайгирӣ мекунад. Ба ҳамин далел бо таваҷҷуҳ ба ифшои беш аз пеши сиёсатҳои Арабистон дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ мардуми Афғонистон беш аз пеш нигарони сиёсатҳои Ҳукумати Арабистон дар кишварҳои исломӣ ҳастанд, ки намунаи ошкори онро метавон дар Яман, Сурия, Ироқ ва Покистон мушоҳида кард.