Март 07, 2021 14:45 Asia/Dushanbe
  • Рафтори пархошгаронаи мусофири ҳиндӣ муҷиб шуд, то ҳавопаймо дар пойтахти Булғористон фуруди изтирорӣ кунад
    Рафтори пархошгаронаи мусофири ҳиндӣ муҷиб шуд, то ҳавопаймо дар пойтахти Булғористон фуруди изтирорӣ кунад

Парвози Эйр-Франс дар масири ҳаракат аз Порис ба самти Деҳлии нав ба иллати рафтори ҷунуномези як марди ҳиндӣ маҷбур ба фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи Булғористон шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин марди ҳиндӣ муддате пас аз баланд шудани ҳавопаймо аз бонди фурудгоҳ бо сойири мусофирон даргир шуд, ба меҳмондори ҳавопаймо  ҳамла ва шурӯъ ба кубидан дар кабинаи халабон кард.

 Рафтори пархошгаронаи ин мусофири ҳиндӣ муҷиб шуд, то масъӯли парвоз дастур диҳад ҳавопаймо дар шаҳри София-пойтахти Булғористон фуруди изтирорӣ кунад .

  Пас аз фуруди изтирорӣ ин марди ҳиндӣ аз ҳавопаймо берун андохта шуд .

Вай муттаҳам ба хатарофаринӣ барои амнияти парвоз аст ва дар сурати маҳкумият, ба таҳаммули беш аз 10 сол зиндон рӯбарӯ мешавад .Ҳавопаймои Эйр-Франс пас пиёда шудани ин марди ҳиндӣ ба масири худ ба самти Деҳлии нав идома дод.

 

  Бештар бихонед :

Барчасп