"Поп" : Сулҳ аз ҷанг қавитар аст
(last modified Sun, 07 Mar 2021 13:47:30 GMT )
Март 07, 2021 18:47 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Поп\" : Сулҳ аз ҷанг қавитар аст

"Поп Франсис" дар ҷараёни сафар ба Мосули Ироқ изҳор дошт, бародарӣ қавитар аз куштор ва сулҳ қавитар аз ҷанг аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Поп Франсис» раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе ба шаҳри Мосул нишонаҳо ва оқибатҳои ҷангро баррасӣ карда, сафари худро ба Мосул дар шимоли Ироқ идома дод ва гуфт боиси таассуф аст, ки сарзамини тамаддунҳо ба ин ҳамлаи террористӣ дучор шудааст.

Поп бо баёни ин ки, коҳиши теъдоди масеҳиён дар Мосул ва Ховари миёна осеби бузурге ба бофти иҷтимоӣ ворид мекунад, аз хонаводаҳои масеҳӣ  хост ба Мосул бозгарданду нақши ҳаётии худро аз сар бигиранд.

 

Поп Франсис ҳамчунин таъкид кард, бояд барои тамоми қурбониён дуо кунем ва ба ниёиш бипардозем то битавонем дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунем.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон пас аз Мосул ба шаҳри «Қарқуш» дар устони Найнаво, ки бузургтарин шаҳри масеҳинишини Ироқ аст рафтвау мавриди истиқболи густардаи мардумӣ қарор гирифт.

Поп қарор аст дар килисои «Тоҳира Ал-Акбарӣ» -и шаҳри Қарқуш. ки аз бузургтарин килисоҳои Ироқ аст маросими ишои раббониро баргузор кунад. 

Бар асоси ин гузориш, пас аз шаҳри Қарқуш поп ба Арбил бозгашта ва маросими "ишои раббони"-ро дар варзишгоҳи Ҳарирӣ баргузор хоҳад кард. 

 

Раҳбари католикҳои ҷаҳон  «Поп Франсис» пас аз Арбил шабона ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод рафта ва рӯзи душанбе Ироқро ба мақсади Ватикан тарк мекунад. 
  
  
  
  Бештар бихонед :