Тазоҳуроти густардаи мухолифони давлати Арманистон дар Ереван
Мухолифони давлати Арманистон бори дигар дар Ереван даст ба тазоҳурот заданд ва барканории сарвазири ин кишвар Никол Пашинянро хостор шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; мухолифони давлати Арманистон дар ду хиёбони Ереван хайма зада тазоҳурот кардаанд ва полиси зидди шӯриш низ сохтимони маҷлиси миллии Арманистонро таҳти назорат гирифтааст.
Эътирозгарон изҳор доштанд, ки дар сурати зарурӣ чораҳои шадидтар хоҳанд гирифт.
Раисҷумҳури Арманистон Армен Саркисян, ки қабланба вижа дар мавзӯи барканории раиси Ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар мунтақиди Никол Пашиинян буд, ҳоло дар назди сарвазири Арманистон истодааст; амре, ки хашми мухолифонро барангехтааст.
Ин дар ҳолест, ки тарафдорони нахуствазири Арманистон, ки теъдодашон ҳам кам нест, ҳамчунон аз вай ҳимоят мекунанду бархӯрди қотеъи давлат бо мухолифонро хосторанд.
Аз ҳудуди 10 рӯзи пеш дар хиёбонҳои Ереван даргирӣ байни тарафдорон ва мухолифони Пашинян оғоз шудааст.
Пас аз имзоии қарордоди оташбас бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи ноябр, маҳбубияти Пашинян дар Арманистон ба тарзи чашмгире коҳиш ёфтааст.
Бештар бихонед: