Март 11, 2021 22:34 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳафтаҳои ахир чандин тирандозӣ дар шаҳри Хиюстон рух додааст
    Дар ҳафтаҳои ахир чандин тирандозӣ дар шаҳри Хиюстон рух додааст

Тирандозӣ дар шаҳри Хиюстони иёлати Техаси Амрико 3 кушта бар ҷой гузошт .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, идораи полиси шаҳри Хиюстони иёлати Техаси Амрико эълом кард:Ин тирандозӣ чаҳоршанбешаб ба вақти маҳаллӣ рух дод ва як нафари дигар низ дар паии ин ҳодиса захмӣ шудааст.

  Бино бар эъломи идораи полиси шаҳри Хиюстон  ҳануз иттилооте дар бора гумонбари ин ҳодиса ва ангезаи вай аз ин тирандозӣ мунташир нашудааст.

   Идораи полиси шаҳри Хиюстон субҳи имрӯз панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ гузориш кард, ки як нафар низ дар як ҳодисаи ҷудогона бар асари исобати заработи силоҳи сард дар ин шаҳр ҷони худро аз даст додааст, аммо ҳеч фарди мазнуне то кунун дар робита бо ин ҳаводис боздошт нашудааст .

Дар ҳафтаҳои ахир чандин тирандозӣ дар шаҳри Хиюстон рух додааст; ба тавре ки камаш ду нафар дар ҳодисаи тирандозии сешанбешаб дар ин шаҳр ҷони худро аз даст доданд .

   Тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ дар моҳи феврал низ се ҳодисаи тирандозӣ танҳо дар як шаб дар шаҳри Хиюстон ба сабт расидааст .

  Бештар бихонед :

 

Барчасп