Давлати Байден сиёсати Трампро дар бораи кӯдакони муҳоҷир бекор кард
(last modified Sun, 14 Mar 2021 06:06:58 GMT )
Март 14, 2021 11:06 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии давлати пешини Амрико эътирозҳои густардаи ҷаҳониро дар пай дошта аст
    Сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии давлати пешини Амрико эътирозҳои густардаи ҷаҳониро дар пай дошта аст

Давлати Амрико сиёсати раиси ҷумҳӯрии собиқи ин кишварро дар бораи кӯдакони муҳоҷир бекор кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, давлати Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико эълом кард, ки сиёсати Доналд Трамп ба иллати зиёнбор будан барои кӯдакони муҳоҷир ва таъсири боздоранда бар волидайн ё бастагони онҳо бекор шудааст ва аз ин пас иҷро нахоҳад шуд .

  Доналд Трамп-раиси  ҷумҳӯрии собиқи Амрико мухолифи сарсахти вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар дар чаҳори соли гузашта буд .

  Вай гояи сохти девори марзӣ дар ҷануби Амрикоро дар соли 2017 иҷроӣ кард, то монеъ аз вуруди муҳоҷирони мексикоӣ ва дигар кишварҳои Амрикои Лотин шавад .

 Сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии давлати пешини Амрико бо унвони " таҳаммули сифр " ва ҷудосозии кӯдакони муҳоҷир аз волидайнашон ба хусус дар соли 2018 ба авҷ расид ва эътирозҳои густардаи ҷаҳониро дар пай доштааст .

   Ҷо Байден чиҳилу шашумин раиси ҷумҳӯрии ҷадиди ин кишвар кори худро бо судури дастурҳои иҷроии ҷадид барои лағви сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп оғоз кард .

 

  Бештар бихонед :