Март 14, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи тӯлонимуддат аз айнак мумкин аст аз ламсу молиши мукаррари чашм ҷилавгирӣ кунад
    Истифодаи тӯлонимуддат аз айнак мумкин аст аз ламсу молиши мукаррари чашм ҷилавгирӣ кунад

Таҳқиқоти нави донишмандон нишон медиҳад афроди айнакӣ 3 баробар камтар аз дигарон ба бемории КОВИД 19 гирифтор мешаванд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Индипендент дар мутолиаи ҷадиди донишмандони ҳиндӣ мушаххас шуд афроде ки айнак мезананд 3 баробар камтар аз дигарон ба корона мубтало мешаванд.

  Ба гуфтаи муҳаққиқони ҳиндӣ истифодаи тӯлонимуддат аз айнак мумкин аст аз ламсу молиши мукаррари чашм ҷилавгирӣ кунад ва ба ин тартиб монеъ аз интиқоли вируси корона ба бадани фард аз тариқи чашмҳо шавад .

    Донишмандони ҳиндӣ дар мутолиае 304 нафар ( 223 мард ва 81 зан )-ро баррасӣ карданд, ки ин афрод ки байни 10 то 80 сол син доштанд ва ҳамаи онҳо ба иллати ибтило ба бемории корона дар бемористон бистарӣ буданд .

   Аз ин миён фақат 19 дарсади афрод эълом карданд, ки айнак мезаданд .

  Муҳаққиқон эълом карданд ширкаткунандагон дар ин озмоиш ба таври миёнгин дар ҳар соъате 23 бор сурати худро ламс мекарданд ва ҳар ним соъат 3 бор тамоси байни чашмҳо ва дасти афрод барқарор мешавад.

 

  Бештар бихонед :

Барчасп