Март 16, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Песков
    Сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Песков

Сухангӯи матбуотии Раиси Ҷумҳурии Федератсияи Русия гуфт, ки Кремл Башор Асадро раиси ҷумҳурии қонунии Сурия мешуморад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Дмитрий Песков рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «Русия Башшор Асадро раиси ҷумҳуриии қонунии Сурия медонад ва талош мекунад то буҳрони ин кишварро аз масири сиёсӣ ҳал кунад.»

Вай ҳамчунин бо ибрози таассуф аз рӯйкарди раҳбарони ғарб дар баробари Русия гуфт: « Русия душмани касе набуда ва нест ва аз ҷониби Русия хатаре касеро таҳдид намекунад.» 

Песков ҳамчунин изҳор дошт: «Русия ва Туркия ихтилофи назарҳое дар бораи Сурия доранду вазъият душвор аст, аммо таъомулот дар ин замина идома дорад.» 

Александр Карпов, муовини раиси маркази русии оштии тарафҳои даргир дар Сурия ахиран аз таҳаррукоти Туркия дар шимоли шарқи Сурия ибрози нигаронии шадид карда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп