Март 20, 2021 20:07 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар паёме фаро расидани соли нави шамсӣ ва ҷашни Наврӯзро табрик гуфт.
    Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар паёме фаро расидани соли нави шамсӣ ва ҷашни Наврӯзро табрик гуфт.

Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар паёме фаро расидани соли нави шамсӣ ва ҷашни Наврӯзро табрик гуфт.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Созмони миллали муттаҳид,  Антонио Гуттерс-дабири кулли ин созмон дар ин паёми табрик эълом кард:Ҳар сол Наврӯз баёнгари як шурӯъи ҷадид аст ва имсол муҳимтару ҳаётитар аз ҳамеша аст .

  Гуттерс дар ин паём ҳамчунин гуфт: Дар ҳоле ки ҷаҳон дар талош барои шикаст додани вируси Ковид 19 аст, Наврӯз ба унвони илҳомбахши беҳбудӣ ва бозсозӣ ба шеваи одилонатар ва пойдортар ва бо ҳамоҳангӣ бо табиат амал мекунад ва ҳамбастагии байни ҷомеъаҳову наслҳо муҳимтар аз ҳар вақти дигаре аст .

 Наврӯз нахустин рӯзи соли ҳиҷрии хуршедӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои ба ҷо монда аз даврони Эрони бостон аст .

 Ин рӯз дар Юнеско бо номи расмии « рӯзи байналмиллалии Наврӯз» ва ба унвони мероси фарҳангӣ ва маънавии башар ба сабти ҷаҳонӣ расидааст.

   Наврӯз илова бар Эрон камаш дар 16 кишвари ҷаҳон таътили расмӣ аст ва мардуми ин кишварҳо онро ҷашн мегиранд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп