Март 21, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Байден : Мо бо андохтани як суфраи ҳафтсин дар Кохи сафед,Наврӯзро гиромӣ медорем
    Байден : Мо бо андохтани як суфраи ҳафтсин дар Кохи сафед,Наврӯзро гиромӣ медорем

Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико бо интишори паёме фаро расидани Наврӯзро ба мардуми Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз табрик гуфт .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Байден дар ин паём таъкид кард : Баҳор намоди ҷовдони зиндагии наву зойиши дубора аст ва дилҳои мардум аз Амрико то Эрон, Осиёи марказӣ, Қафқоз, Ховари миёна ва Аврупо оканда аз нур ва умед мешавад ва ин ҳамон паёму шодии Наврӯз аст, ки мо бо андохтани як суфраи ҳафтсин дар Кохи сафед онро гиромӣ медорем .

  Вай изофа кард : Ин паём имсол шояд беш аз ҳар замони дигар ба шиддат мавриди ниёз аст ва пас аз он ҳама ранҷу хисорат барои мо ёдовари он аст, ки рӯзҳои беҳтаре дар пеш аст ва ҳамаи мо бояд барои дастёбӣ ба ояндаи муштарак ва бархӯрдор аз сулҳ, рифоҳ ва  дарки бештар бо ҳам кор кунем.

  Энтонии Блинкен-вазири хориҷаи Амрико ҳам дар паёми ведиоӣ иди Наврӯзро ба мардуми Эрон, ғарби Осия, Аврупо, Қафқоз, Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ, қитъаи Амрико ва тамоми касоне, ки дар саросари ҷаҳон ин муносибатро ҷашн мегиранд, табрик гуфт .

    Мақомҳои Амрико ағлаб фаро расидани Наврӯзро бавижа ба эрониҳо дар ҳоле табрик мегӯянд, ки дар сурати лузӯм шадидтарин таҳримҳоро алайҳи миллати Эрон ба кор мегиранд .

 Нахустин рӯзи соли ҳиҷрии хуршедӣ дар Юнеско бо номи расмии «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз » ва ба унвони мироси фарҳангӣ ва маънавии башар ба сабти ҷаҳонӣ расидааст .

   Наврӯз илова бар Эрон камаш дар 16 кишвари ҷаҳон таътили расмӣ аст ва мардуми ин кишварҳо онро ҷашн мегиранд .

 

  Бештар бихонед :

 

 

Барчасп