Март 22, 2021 21:23 Asia/Dushanbe
  • Байден гуфт, ки дар оянда ба навъе бо Путин гуфтугӯ хоҳад кард
    Байден гуфт, ки дар оянда ба навъе бо Путин гуфтугӯ хоҳад кард

Вазорати хориҷаи Рӯсия эълом кард : Вашингтон пешниҳоди Владимир Путинро барои баргузории гуфтугуи видеоӣ бо Ҷо Байден- ҳамтои амрикоиаш рад кардааст.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст : Тарафи Амрико пешниҳоди Владимир Путин-раиси ҷумҳӯрии Русияро барои гуфтугӯ бо раиси ҷумҳӯрии Амрико дар бораи мушкилоти эҷодшуда байни ду кишвар дар қолаби видеоконфронс дар рӯзҳои 19 ё 22 март напазируфт .

   Панҷшанбеи гузашта як рӯз пас аз онки Байден Ппутинро « қотил » хонд раиси ҷумҳӯрии Русия пешниҳоди гуфтугӯи зиндаи видеоӣ бо ҳамтои амрикоии худро матраҳ кард.

   Пас аз он Байден гуфт ки дар оянда ба навъе бо Путин гуфтугӯ хоҳад кард, вале дар бораи навъ ва макони ин гуфтугӯ ҷузъиёте ироа накард.

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп