Оташсӯзии урдугоҳи паноҳҷуёни Руҳингио дар Бангладеш + Филм
(last modified Tue, 23 Mar 2021 16:26:24 GMT )
Март 23, 2021 21:26 Asia/Dushanbe

Оташсӯзӣ дар урдугоҳи паноҳҷуёни Руҳингио дар Бангладеш мунҷар ба кушта шудани ҳафт нафар ва овора шудани 50 ҳазор паноҳҷу шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоту коркунони созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мегӯянд ин сеюмин оташсузӣ дар чаҳор рӯзи гузашта дар урдугоҳи паноҳҷуёни Руҳингио асту наздик ба се ҳазору   300 гектарро дар бар гирифта, ки дар минтақаи Коксбозор дар ҷанӯби шарқи Бангладеш қарор доранд .

  Беш аз як миллион мусулмони Руҳингио барои фирор аз ҷангу қатли ом ба дасти артишу будоиёни ифротии Мянма дар иёлати Рохини ин кишвар, ки даври ҷадиди он аз 25 августи соли 2017 оғоз шуда, аз Мянма ба Бангладеш паноҳанда шуданд .