Дархости Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба оворагони Роҳингия
Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки ба қурбониёни сӯхтор дар яке аз урдугоҳҳои сераҳолии Мянмар дар Бангладеш кумак кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Покистон дар баёнияе аз сӯхтори густарда дар лагери оворагони мусалмони Роҳингия дар Бангладеш, ки талафоти ҷонӣ ва хисорати модии фаровон дар пай дошт ибрози таасуф кард.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе 23 март эълом кард сӯхтор дар як лагери васеъ ва пурҷамъияти мусулмонони Руҳингия дар Бангладеш, 15 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт.
Беш аз як миллион мусулмонони Руҳингия барои фирор аз ҷанг ва қатли ом ба дасти артиш ва буддоиёни ифротии Миянмар дар иёлоти Роҳини ин кишвар, ки даври ҷадиди он рӯз 25 августи соли 2017 оғози рушд, аз Мянмар ба Бангладеш паноҳанда шуданд.
Бештар бихонед: