Эрдуғон раиси Ҳизби Адолат ва Тавсеа боқӣ монд
(last modified Thu, 25 Mar 2021 08:53:38 GMT )
Март 25, 2021 13:53 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғони 67-сола аз соли 2001 раҳбари Ҳизби Адолат ва Тавсеаи Туркия аст
    Эрдуғони 67-сола аз соли 2001 раҳбари Ҳизби Адолат ва Тавсеаи Туркия аст

Раиси Ҷумҳурии Туркия дар ҳафтумин конгресси Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа бори дигар ба раёсати ҳизб интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр,  Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе дар поёни ҳафтумин конгресси Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа бо касби як ҳазору 428 раъй бори дигар ба унвони раиси ин ҳизб интихоб шуд.

Эрдуғони 67 сола аз соли 2001 то кунун раҳбари ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия аст. 

 
 Эрдуғон дар конгресси ҳамоиши умумии Ҳизби адолат ва тавсеа гуфт: «Анкара бо дар назар гирифтани манофеъи худ ба густариши равобит бо ҳамаи кишварҳо аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо то Русия идома хоҳад дод.» 

 Вай дар ин нишаст ҳамчунин гуфт, ки қонуни асосии ҷадид барои Туркия тадвин ва ба раъй гузошта хоҳад шуд то мардум дар бораи он тасмим бигиранд. 

Қонуни асосии Туркия токунун чандин бор тағйир кардааст, ки охирин бори он камтар аз чаҳор соли қабл буд.

 

Бештар бихонед: