Эрдуғон раиси Ҳизби Адолат ва Тавсеа боқӣ монд
Раиси Ҷумҳурии Туркия дар ҳафтумин конгресси Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа бори дигар ба раёсати ҳизб интихоб шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе дар поёни ҳафтумин конгресси Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа бо касби як ҳазору 428 раъй бори дигар ба унвони раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Эрдуғони 67 сола аз соли 2001 то кунун раҳбари ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия аст.
Эрдуғон дар конгресси ҳамоиши умумии Ҳизби адолат ва тавсеа гуфт: «Анкара бо дар назар гирифтани манофеъи худ ба густариши равобит бо ҳамаи кишварҳо аз Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо то Русия идома хоҳад дод.»
Вай дар ин нишаст ҳамчунин гуфт, ки қонуни асосии ҷадид барои Туркия тадвин ва ба раъй гузошта хоҳад шуд то мардум дар бораи он тасмим бигиранд.
Қонуни асосии Туркия токунун чандин бор тағйир кардааст, ки охирин бори он камтар аз чаҳор соли қабл буд.
Бештар бихонед: