Вокуниши Трамп ба афтидани Байден дар зинапояи ҳавопаймо
Байден ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо се маротиба афтид ва вокуниши тамасхуромези раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трампро ба бор овард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам, Раиси ҷумҳурии пешини Амрико Доналд Трамп афтодани Ҷо Байден ҳангоми боло рафтан аз зинаҳои ҳавопайморо « бисёр бад» тавсиф карда ва гуфтааст, ки « муҳимтарин ҷанба»-и ин ҳодиса, нодида гирифта шудани он дар расонаҳост ва ин, яъне дигар озодии матбуот вуҷуд надорад.
Трамп дар мусоҳибае ба таъна гуфтааст, ки эҳтимолан Байдени 78 сола ба зудӣ ҷоии худро ба Камола Ҳарис, муовини раисҷумҳур хоҳад дод.
Дар даврони раёсати ҷумҳурии Трамп ҳар гунаи иштибоҳ ё рафтори аҷиби ӯ ба суръат дар расонаҳо бозтоби густарда меёфт.
Бештар бихонед: