Баргузории ҷашни наврӯзии мусиқӣ дар Русия
(last modified Fri, 26 Mar 2021 14:46:27 GMT )
Март 26, 2021 19:46 Asia/Dushanbe
  • Наврӯз дар манотиқи мухталифи Русия, ба вижа манотиқи мусулмоннишин ҷашн гирифта мешавад
    Наврӯз дар манотиқи мухталифи Русия, ба вижа манотиқи мусулмоннишин ҷашн гирифта мешавад

Шӯрои умури ақвом ва миллиятҳои Русия ба муносибати фаро расидани Наврӯз, ҷашни мусиқиро бо ҳузури гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ баргузор кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин барнома, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, намояндагони беш аз 10 қавми сокини Русия бо созҳои мусиқии худ ҳунарнамоӣ карданд ва ин барнома аз тариқи Ютюб ба таври он-лайн пахш шуд.

Исмоил Шаъбонов, узви Шӯрои умури ақвом ва миллиятҳои Русия таҳти назорати раиси ҷумҳурии Русия гуфт: Ҷашни Наврӯзро дар Русия на фақат беш аз 20 миллион мусулмони сокини ин кишвар ҷашн мегиранд, балки шумори зиёде аз русҳо низ аз он истиқбол мекунанд.

Ойини бостонии Наврӯз дар манотиқи мухталифи Русия, ба вижа манотиқи мусулмоннишин ба таври густарда ҷашн гирифта мешавад ва ақвоми мусулмони сокини ин кишвар бо одобу суннатҳои вижаи худ онро баргузор мекунанд.

 

Бештар бихонед: