Бузургдошти ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон
(last modified Mon, 25 Mar 2024 07:44:25 GMT )
Март 25, 2024 12:44 Asia/Dushanbe
  • Наврӯз дар Ёвон
    Наврӯз дар Ёвон

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба ҳиммати ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова, Обшорон ва Ситораи Сурх бо риояти усули миллӣ баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, аҳолӣ ва меҳмонон бо намоишгоҳи наврӯзии муаллимон ва сокинони деҳот ошно шуданд ва аз ҳунару саноеи дастии занону духтарон ва риояти одобу русуми неки наврӯзӣ қадрдонӣ карданд.

Таътилоти наврӯзӣ аз маросими суннатии мардуми тоҷик ба шумор меравад ва бо вижагиҳои инсондӯстонаи худ ба унвони як дастоварди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Наврӯз намоди хубӣ, некӣ, шодӣ ва пирӯзӣ аст ва бо ойинҳои худ фарҳанги миллии мардуми тоҷикро дар ҷаҳон машҳур кардааст.

Дар бахше дигар аз ин маросим, як барномаи фарҳангии рангоранг тавассути тиме аз алоқамандон дар ҳавзаи омӯзишу парвариш ва ҷавомеи рустоӣ ба ҳозирин ироа шуд.

 

Бештар бихонед: