Бахшҳои даромад ва хароҷоти буҷети Ҳукумати Тоҷикистон манфӣ шуд
(last modified Fri, 26 Mar 2021 16:31:04 GMT )
Март 26, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти сол 2,2 дарсад будааст
    Касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти сол 2,2 дарсад будааст

Шохисҳои даромад ва хароҷоти буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти имсол манфӣ эълом шуд.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», бахши даромади буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали имсол 3 миллиарду 535 миллиону 900 ҳазор сомонӣ будааст, ки иҷрои 97,1 дарсадии барномаро нишон медиҳад.

Аммо бахши хароҷоти буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ин муддат як миллиарду 60 миллиону 400 ҳазор сомонӣ эълом шудааст, ки баробар бо 19,1 дарсад аз барномаи таъйиншуда аст.

Касрии умумии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ин муддат 2,2 дарсад будааст.

Дар ин миён беш аз 81 дарсад аз бахши даромадии буҷетро пардохти андоз ва молиёт ташкил додааст.

27. 6 миллиард сомонӣ имсол барои бахши даромадии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барномарезӣ шудааст, ки 1. 6 миллиард сомонӣ ё 6. 1 дарсад бештар аз буҷети соли 2020 аст.

Ҳамчунин харҷи буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 низ 28. 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 1. 7 миллиард сомонӣ бештар аз ҳамин бахш дар буҷети соли 2020 аст.

 

Бештар бихонед: